24.08.26 Имрӯз дар толори беморхонаи байниноҳиявии бемориҳои сили ноҳия вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамшерзода Комилҷон бо табибону кормандон сурат гирифт.
Зимни баромад вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаҳои соҳаи тандурустӣ баромад карда аҳли ҳозиринро бо 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт. Шамшерзода Комилҷон зикр намуд, ки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ дар маркази диққати давлату ҳукумати кишвар қарор доранд. Вакил, инчунин оид ба баланд бардоштани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар ёдовар шуд.
Зикр шуд, ки аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ва гузаштан ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ низоми идоракунии молияи давлатӣ марҳила ба марҳила ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда, такмил дода шуд.
Дар ин марҳилаи таърихӣ ҷиҳати таҳкими сиёсати молиявиву иқтисодии мамлакат зиёда аз 20 санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шуданд, ки татбиқи онҳо ба таъмини мустақилияти ягонаи молиявии миллии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Дар фарҷом саволу дархост ва пешниҳодҳои ҳозирин шунида шуд. Иштирокчиёни ҷаласа ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.