24 августи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Конибодом №19», раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ фаъолони шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва таълимгоҳҳо, фаъолзанон ва ҷавонон иштирок намуданд.
Маҳмудзода Насрулло дар бораи дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ, пешравию комёбиҳои назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва нақши Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди кишвар андешаронӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар оғози тамоми рушду пешрафт, ободкориву созандагиҳо ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз ба шарофати ин сиёсати дурбинона Тоҷикистон имрӯз дар шоҳроҳи рушди устувор қадамҳои устувор мегузорад.
Ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба таҳкими қонунияту тартибот, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар рушди ҷомеа мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Чунин мулоқот дар Ҷамоати деҳоти Патар низ баргузор гардид. Дар он фаъолону сокинони ҷамоат, дастгоҳи ҷамоати деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва таълимгоҳҳои ҳудуди ҷамоат иштирок намуда, доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва масъалаҳои муҳимми ҷомеа суҳбату мубодилаи афкор сурат гирифт.