24.08.26 Имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Сомонӣ - 8 Камолзода Илҳом дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 бо сокинони деҳоти Чоргултеппа ва Лоҳур мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ Камолзода Илҳом бо интихобкунандагони доир ба масъалаҳои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, вазъи мураккаб ва пешгӯйинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги миллӣ сӯҳбат намуд.
Дар идомаи вохӯрӣ баромадкунандагон аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, оид ба таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар бахусус, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти соҳоти мухталифи хоҷагии халқи кишвар ибрози андеша намуданд ва дар робита ба мавзуҳои матраҳгардида миёни иштирокчиён суҳбати озоду самимӣ сурат гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқот иштирокчиён оид ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни Истиқлоли давлатӣ низ изҳори андеша намуда, дастоварди беназир ва таърихии миллатро ба хидматҳои ҷовидона ва фарзандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт доданд ва аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ саҳмгузорӣ карда, 35-солагии ин рӯйдоди фарраҳбахшу таърихиро бо дастовардњои арзанда таҷлил намоем.