21.08.26 Имрӯз дар толори маҷлисҳои Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ҷаласа бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат ва ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Исфандиёр доир шуд.
Зимни ифтитоҳи маҷлис Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки ҷаласаи навбатӣ тибқи «Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳо амалӣ карда мешавад» баргузор мегардад.
Ба рӯзномаи имрӯза ду масъалаи муҳим барои баррасӣ – пешниҳод шудааст: «Аҳамияти бунёди Конун-Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе», инчунин «Қатъномаи ЮНЕСКО аз 6 ноябри соли 2025 таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ».
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Рахмон (16.12.2025), масъалаи таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи мероси таърихӣ ва эҳёи арзишҳои тамаддунии ниёгон ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ таъкид гардид.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки: «Миллате, ки таърихи худро намедонад, ояндаи устувор дошта наметавонад.»
Маҳз дар ҳамин замина пешниҳоди таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ҳамчун як иқдоми таърихӣ ва дорои аҳаммияти стратегӣ арзёбӣ мегардад.
Бунёди Конун-Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти мамлакат барои муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик, омӯзишу ҳифзи мероси тамаддуни ориёӣ ва муаррифии шоистаи ҷашни байналмилалии Наврӯз аҳамияти махсус дорад. Ин иқдом ҳамзамон метавонад барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, муаррифии мероси моддию маънавии халқи тоҷик ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҳамзамон 6 ноябри соли 2025 зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ” қабул гардид.
Қатъномаи мазкур бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод гардида, аз ҷониби кишварҳои аъзои созмон ҷонибдорӣ ёфт.
Аз рӯйи масъалаҳои баррасишаванда Сафарзода Давлат ва Собирзода Исфандиёр сухан намуданд.
Дар ҷамъбаст доир ба масъалаҳои зикршуда раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидвализода Барно ибрози назар намуд.
Ҳозирин ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.