Мутобиқи бандҳои 284 ва 285 дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2026, №1000 аз 24 август то 2 сентябри соли 2026 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар менамоянд.
Давоми 10 рӯз вакилони Маҷлиси намояндагон дар назди интихобкунандагони худ баромад намуда, доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, суханронӣ менамоянд. Инчунин, вазъи сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат манзури нтихобкунандагони кишвар қарор мегирад.
Вакилони мардумӣ дар ҳар як нишаст дар баробари андешаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилии худ, ҳамзамон ба саволу дархостҳои интихобкунандагон посух мегӯянд.