Рӯзҳои 20 - 23 июли соли 2026 дар шаҳри Триести Ҷумҳурии Италия, дар Маркази байналмилалии физикаи назариявӣ ба номи Абдус Салом курси байналмилалии дипломатияи илмӣ доир гардид, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиёвуш Наботзода иштирок намуд.
Курси мазкур бо ташаббуси Академияи ҷаҳонии илмҳо (The World Academy of Sciences (TWAS)) дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи амрикоии пешрафти илм (The American Association for the Advancement of Science (AAAS)) ташкил шудааст.
Дар курс намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалии илмӣ, олимони шинохта, дипломатҳо, сиёсатмадорон ва мутахассисон аз кишварҳои гуногуни олам иштирок доранд. Барномаи чорабинӣ аз суханрониҳои калидӣ, муҳокимаҳои гурӯҳӣ, нишастҳои корӣ, омӯзиши мисолҳои амалӣ ва машқҳои моделсозии музокироти дипломатӣ иборат мебошад.
Дар доираи курс масъалаҳои нақши илм дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, истифодаи далелҳои илмӣ дар раванди қабули қарорҳои сиёсӣ, ҳамкории олимон бо дипломатҳо ва сиёсатмадорон, таъсири илм ба дипломатия ва нақши дипломатия дар рушди лоиҳаҳои бузурги илмӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳамчунин, иштирокчиён масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ, пешгирии савдои ғайриқонунии ҳайвоноти нодир, рушди биотехнология ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмиро муҳокима менамоянд.