Рӯзҳои 04-08 июли соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода ва раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба Дастур ва ташкили кор Ғанизода Шуҳрат дар ҷаласаи 33-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА, ки дар шаҳри Гаагаи Нидерландия баргузор гардид, иштирок намуда, дар ҷаласаҳои кумитаҳои умуми оид ба умури сиёсӣ ва амният, демократия, ҳуқуқи инсон ва масъалаҳои башардӯстона, инчунин иқтисод, илм, технология ва муҳити зист суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи Кумитаи умумӣ оид ба умури сиёсӣ ва амният мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими амнияти ҷудонашаванда, ҳалли осоиштаи низоъҳо тавассути роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ баён гардид. Ҳамчунин, ба дастгирии ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» изҳори сипос карда шуда, аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи амалии ин Даҳсола, ки соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ёдоварӣ шуд. Ҳамзамон зарурати таҳкими амнияти киберӣ, зеҳни сунъӣ ва ҳифзи инфрасохтори муҳим таъкид гардид.
Дар ҷаласаи Кумитаи умумӣ оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва масъалаҳои башардӯстона таъкид шуд, ки волоияти қонун, рушди институтҳои демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон заминаи асосии суботи дарозмуддат мебошанд. Дар ин замина аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ ёдовар шуда, аҳаммияти он барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, инчунин идомаи ислоҳоти миллӣ ва татбиқи Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2038 таъкид гардид. Ҳамчунин нақши дипломатияи парлумонӣ дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди мутақобила махсус зикр шуд.
Дар ҷаласаи Кумитаи умумӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, илм, технология ва муҳити зист мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди сабз, энергияи барқароршаванда, рақамикунонӣ ва инноватсия муаррифӣ гардид. Ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ва афзоиши маблағгузории иқлимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҳамзамон, ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, аз ҷумла қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ ва пешниҳоди таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе муаррифӣ гардиданд.
Дар анҷоми суханрониҳо Маҳмадшоҳ Гулзода омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкории фаъол дар доираи Ассамблеяи парлумонии САҲА ҷиҳати таҳкими сулҳ, амният, рушди устувор ва ҳамкории созандаи байналмилалӣ бори дигар таъкид намуд.