30.06.26 Имрӯз раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода бо Котиби генералии Конфедератсияи умумииттифоқии иттифоқҳои касаба, вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия Виктор Пинский мулоқот намуд.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки парлумонҳои ҳар ду кишвар дар таъмини заминаи ҳуқуқии татбиқи созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада нақши муҳим дошта, густариши ҳамкории байнипарлумонӣ ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамояд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия кору фаъолият доранд, аз мавзуъҳои меҳварӣ буданд. Таъкид шуд, ки санадҳои нави баимзорасида дар ин самт заминаи ҳуқуқии ҳамкориро таҳким бахшида, ба такмили низоми танзими муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат мекунанд.
Ҷонибҳо, инчунин, аҳаммияти идомаи ҳамкории мақомоти салоҳиятдори ду кишварро ҷиҳати такмили механизмҳои муҳоҷират, фароҳам овардани шароити муносиби меҳнат, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъмини иҷрои созишномаҳои бадастомада таъкид намуданд.
Ҳамзамон, саҳми Конфедератсияи умумииттифоқии иттифоқҳои касаба дар ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин дар таҳкими шарикии иҷтимоӣ, ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ ва мусоидат ба таъмини шароити одилонаи меҳнат баланд арзёбӣ гардид.