Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 29-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар назди ҳозирин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода баромад намуда, иброз намуд, ки «Ҷашни Ваҳдати миллӣ воқеан дастоварди беназири миллати тоҷик аст, ки маҳз ба шарофати талошҳои пайгиронаву созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон муяссар гардидааст.
Ба шарофати пуштибонии амиқи мардуми сарбаланди мамлакат аз сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Сарвари оқилу тавонои хеш, ин санаи муҳим оғози марҳалаи нав дар таърихи давлатдории мо гардид.
Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон ва давлати ҷавони тоҷикон на танҳо рамзи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, балки омили асосии рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат гардид.
Тавре, ки Пешвои маҳбуби миллат пайваста таъкид медоранд, «ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
Воқеан, ба шарофати ваҳдати миллӣ, ки асос ва пойдории истиқлоли давлатӣ аст, ба миллати куҳанбунёду фарҳангсолори мо муяссар гардид, бо иқдомоти наҷибу арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои милливу фарҳангии худро эҳё намуда, ба бузургони арсаи сиёсат ва илму адаби хеш арҷгузорӣ кунем.
Дар ин радиф, ташаббуси наҷибу камназир, фарҳангпарварона, таърихсоз ва инсондӯстонаи қаҳрамонфарзанди миллат, Президенти ваҳдатсарову сулҳофари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад шоистаи таъкиди хос аст.
Ин иқдоми барҷастаи Пешвои маҳбуби миллати тоҷикон, нишонаи равшани арҷгузории олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанги миллӣ, озодию соҳибихтиёрӣ ва албатта, ба хизматҳои фарзандони сарсупурдаи Ватан буда, дар саҳифаҳои таърих ҷовидон сабт мегардад, - иброз дошт Файзалӣ Идизода.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз зимни суханронӣ қайд намуд, ки ваҳдати миллӣ на танҳо яке аз бузургтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, балки таҷассумгари иродаи устувори миллати тоҷик дар роҳи таъмини субот, сулҳ ва якпорчагии кишвар маҳсуб мешавад. Таърихи муосири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки расидан ба ваҳдати миллӣ роҳи осон набуд, балки натиҷаи муборизаи сарбаландона, заҳматҳои пайваста ва тадбирҳои дурандешонаи Роҳбари хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.
Узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Мусоҷонзода Ҷамила, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Шаҳбози Аброр, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Солизода Наима ва узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Ҳасанзода Насрулло низ дар баромадҳояшон оид ба моҳияту аҳаммияти ваҳдати миллӣ ба ҳозирин маълумотҳои ҷолиб манзур намуданд.
Дар интиҳои ҳамоиш Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода афзуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар байни ҷашнҳои миллии мо мақоми хос дорад, зеро таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон - дар як муддати кӯтоҳ бо чунин миқёс рафъ намудани низоъ ва бархӯрдҳо - аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун дарси ибратбахши таърихӣ ва таҷрибаи нодир эътироф шудааст.
Натиҷаи сулҳи мо, ки албатта самари талошу ташаббусҳо ва сиёсати санҷидаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ба ҷаҳониён бори дигар собит намуд, ки тоҷикон дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёди дунё, фарҳангсозу хирадманд ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошанд.