23.06.26 Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди ҳукумати электронӣ ва тавсеаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, инчунин ҷиҳати рушду такмили малакаҳои рақамии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон машварати омӯзишӣ бо иштироки масъулини Агентии иноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохтору идораҳои дахлдор баргузор шуд.
Дар машварат доир ба Консепсияи баргузории чорабиниҳо, мақсаду вазифаҳо, самтҳо ва принсипҳои асосӣ, ташкили механизми татбиқ ва ғайра ба ҳозирин маълумот манзур карда шуд.
Гуфта шуд, ки татбиқи Консепсия ба рушди ҳукумати электронӣ, густариши иқтисоди рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамӣ ва самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар анҷоми машварат иштирокдорон ба саволҳои худ посухҳои дақиқ гирифтанд.