Бо даъвати Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон барои иштирок дар иҷлосияи 20-уми Конфронси иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломӣ, ки рӯзҳои 20 - 25 июни соли 2026 дар шаҳри Боку баргузор мегардад, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон Шодизода Парвиз ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Шамшерзода Комилҷон ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, пешбурди муколамаи тамаддунҳо, густариши дипломатияи фарҳангӣ ва таҳкими нақши парлумонҳо дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки бо роҳнамоии арзишҳои бунёдии эҳтироми ҳуқуқи инсон, ҳамбастагии байналмилалӣ, ҳамзистии осоишта ва ҳамкории мутақобилан судманд, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва санадҳои байналмилалӣ инъикос ёфтаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муколамаи байнифарҳангӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.
Дар ҷараёни мубодилаи афкор иштирокчиён саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои обу иқлим, таҳкими амнияти байналмилалӣ, пешгирии таҳдидҳои муосир ва рушди фарҳанги сулҳ дар сатҳи байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуданд. Дар ин замина, нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва ҷонибдори пайгиронаи ҳамкориҳои бисёрҷониба, муколамаи тамаддунҳо ва арзишҳои башардӯстона махсус таъкид гардид.