Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иштирокдорони Форуми XI байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод»-ро ба ҳузур пазируфт.
Файзалӣ Идизода нахуст ташрифи меҳмонон-«Кӯдакони Иттиҳод»-ро ба бинои нави Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои муҳимми давлатдории муосир, истиқлолият, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва рушди созандаи кишварамон мебошад, хайрамақдам гуфт.
Барои мо шарафи бузург аст, ки иштирокчиёни форуми «Кӯдакони Иттиҳод»-ро дар сарзамини бостонӣ ва меҳмоннавози Тоҷикистон истиқбол менамоем. Тоҷикистон ба масъалаҳои дастгирии кӯдакон ва ҷавонон аҳаммияти махсус медиҳад. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо сиёсати пайгиронаи давлатӣ амалӣ карда мешавад, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, тарбия, рушди ҳамаҷониба ва худшиносиву худтакмилдиҳии насли ҷавон равона гардидааст.
Имрӯз шумо дар бинои нави Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доред. Сафари шумо ба кишвари мо аҳаммияти махсус дорад, зеро маҳз ҷавонон неруи созандае мебошанд, ки дар оянда рушди давлатҳо ва сарнавишти тамоми башариятро муайян хоҳанд кард, - зикр кард Файзалӣ Идизода.
Форуми «Кӯдакони Иттиҳод» кайҳо боз ба яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои башардӯстона дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табдил ёфтааст. Дар тули солҳои фаъолият ин форум садҳо ҷавонони боистеъдод ва фаъолро муттаҳид намудааст, ки сарфи назар аз гуногунии забонҳо, анъанаҳо ва фарҳангҳо тавонистаанд забони умумӣ пайдо намуда, бо ҳам дӯсту бародар гарданд.
Арзиши махсуси форум дар он аст, ки дар насли наврас эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ, таваҷҷуҳ ба таърих ва анъанаҳои халқҳои кишварҳои Иттиҳодро тарбия менамояд.
Ҳадафи баргузории Форум муколамаи фарҳангӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстона байни намояндагони насли ҷавони кишварҳои Иттиҳод арзёбӣ гардида, бо ин мақсад беш аз сад нафар намояндагони кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон омаданд.