Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода Сафири Арабистони Саудӣ ҷаноби Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамрониро ба ҳузур пазируфт.
Қайд гардид, ки Подшоҳии Арабистони Саудӣ аз аввалин кишварҳое мебошад, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳанӯз 11 январи соли 1992 ба расмият шинохта, кишварҳои мо робитаҳои дипломатии худро расман ба роҳ монданд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус ҳамкориҳои байнипарламентӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Зикр шуд, ки робитаҳои қавии кишварҳоямон аз пайвандҳои маънавию таърихии ду мардуми бародар, инчунин аз муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд Подшоҳи Арабистони Саудӣ маншаъ мегирад.
Муносибатҳои байнипарламентии кишвари мо бо Маҷлис аш-Шурои Подшоҳии Арабистони Саудӣ солҳои охир вусъати тоза пайдо намудааст. Дар таҷрибаи ҳамкории байнипарламентӣ мунтазам муколама, сафарҳо ба кишварҳои ҳамдигар ва мулоқоту вохӯриҳо барпо мегарданд, ки барои пешрафти муносибатҳо, устувор гардидани робитаҳои дӯстиву бародарӣ байни мардумонамон мусоидат менамоянд.
Ҳолати имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар маҷмуъ нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафҳо, бо вуҷуди рушд, ҳанӯз ҳам дар марҳилаи ҷустуҷӯи манфиатҳои муштарак қарор доранд.
Барои пешбурди судманд ва мушаххас гардонидани муносибатҳои ду кишвар чӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва чӣ дар бахшҳои мухталифи иҷтимоиёт имкониятҳои фаровони то ҳол истифоданашудаи умедбахш хеле зиёданд.
Ба андешаи мо, имрӯз барои ташаккули робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, фаъолияти гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон ва Маҷлис-аш-Шурои Арабистони Саудиро боз ҳам густариш дода, муколамаҳо ва мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳоро ба роҳ монда, ҷиҳати ба пешравиҳо ноил гардидан, талошҳои муштаракро ба харҷ додан зарур аст, -иброз дошт Файзалӣ Идизода.