Даъвати Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Володин Вячеслав ва Раиси Палатаи намояндагони Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус Сергеенко Игорро пазируфта, барои иштирок дар дуюмин Форуми байналмилалии Давлати иттифоқӣ «Мероси бузург – ояндаи муштарак», ки аз 20 то 23 июни соли 2026 дар Ҷумҳурии Беларус баргузор мегардад ҳайати парламентии зерини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Шерализода Маҳмадулло -раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва Маҷидзода Сарвиноз - муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ. ба шаҳри Брести Ҷумҳурии Беларус сафар намуданд.
Тибқи нақшаи Форум иштирокчиён бо таърих, осорхона ва ҳуҷҷатҳои замони ҶБВ зери унвони «Мероси бузург – ояндаи муштарак» шинос шуда, аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қаҳрамони Брест боздид ба амал меоранд.