Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Пешвои миллат – ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳу ваҳдати ҷаҳонӣ», ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки баъд аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, мутаассифона Тоҷикистон мубталои буҳрони сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуда, дучори ҳисороти зиёди ҷониву молӣ гардид. Дар ин шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ, 16 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд вакилони мардумӣ тақдири минбаъдаи давлату миллатро ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бовар намуданд.
Дар нахустин баромади худ ба ҳайси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «... кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем...».
Боиси зикр аст, ки гуфтушунид баҳри ҳалли қазияи Тоҷикистон 5 апрели соли 1994 оғоз гардида, 27 июни соли 1997 нуқта гузошта шуд ва дар умум 1171 рӯз давом кард.
6 ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври райъпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Тибқи Конститутсияи нав Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарор пазируфта шуд.
Бо дастуру роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 сентябри соли 1999 дар кишварамон раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардида, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Дар асоси ин тағйиру иловаҳо Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пазируфта шуда, барои ба сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ қабул гардидани қонунҳо шароит фароҳам оварда шуд.
Маҷлиси Олӣ ба мақоми доимоамалкунанда табдил ёфта, он ҳамчунин мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, хусусияти касбӣ доштани фаъолияти он муайян карда шуд.
27 феврали соли 2000 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он бори нахуст дар баробари номзад ба вакилон, ҳизбҳои сиёсӣ низ иштирок намуданд. Дар натиҷа аввалин маротиба ҳизбҳои сиёсӣ ва вакилон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ ба Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданд. Баъдан, аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои он, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб гардида, аз чор як ҳиссаи аъзои онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд.
27 марти соли 2000 аввалин ҷаласаи Маҷлиси намояндагон ва 17 апрели ҳамон сол Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ баргузор гардида, парламенти касбӣ дар Тоҷикистон расман ба фаъолият шуруъ намуд.
Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари барқарор кардани сулҳу суббот дар мамлакат, Асосгузори парламенти доимоамалкунандаи касбӣ мебошанд.
Албатта, дар ҷомеае, ки ваҳдату якдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва волоияти қонун таъмин аст, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ дар сатҳи шоиста қарор дорад.
Ҳифз ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ вазифаи инсонӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандии ҳар яки мост.
Аз ин рӯ, беш аз пеш ба ҳам омадан, истиқлолу ваҳдати миллиро ҳифз намудан ва дар зери парчами ваҳдати миллӣ ва сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлат муттаҳид шудан, аз масъалаҳои муҳимтарин маҳсуб меёбанд.
Итминони комил дорам, ки бо ҳадафҳои неку созанда ва иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллати мо ва сулҳу суботи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи мо ҷовидонист, - иброз намуд дар анҷоми суханронӣ Файзалӣ Идизода.