Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода Раиси Шурои мудирони ширкати «Enjaz Human Resources», ҳамраиси қисми саудии Шурои муштараки кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Солеҳ Ал-Сувайҳро ба ҳузур пазируфт.
Зикр шуд, ки муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳоямон дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн пайваста рушд ёфта истодаанд.
Инчунин, ҷонибҳо вазъи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати кӯҳкорӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид шуд, ки иқтидорҳои бузурги истифоданашудаи иқтисодӣ мавҷуданд, ки метавонад ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро ба маротиб афзоиш диҳанд.
Дар мулоқот иброз гардид, ки таъсиси Шурои муштараки корӣ ва баргузории ҷаласаҳои он заминаи мусоидро барои эҷоди пули мустақими тиҷоратӣ фароҳам сохтааст.
Муҳаммад бин Солеҳ Ал-Сувайҳ омодагии тиҷоратии Арабистони Саудиро барои таҳкими ҳамкориҳо ва сармоягузории мустақим ба лоиҳаҳои Тоҷикистон изҳор кард.
Маҷлиси намояндагон парламенти касбӣ мебошад ва дар қабули қонунҳо, тасвиби шартномаҳои байналмилалӣ таҷрибаи зиёд дошта, кӯшиш менамояд, ки дар фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоиди ҳуқуқӣ ва ба ин васила дар рушди соҳаҳои мухталиф саҳми худро гузорад, - изҳор кард дар фарҷоми суҳбат Файзалӣ Идизода.