Имрӯз вохӯрии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо ҳайати роҳбарону масъулони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дӯсту ҳамкор, ки бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Форуми ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони “Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ” дар шаҳри Душанбе гирд омадаанд, баргузор шуд.
Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки мо ба рушди ҳамкориҳои байниҳизбӣ ва мубодилаи таҷриба аҳаммияти махсус медиҳем, зеро ин раванд ба таҳкими эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва субот дар муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон намояндагони панҷ ҳизби сиёсӣ — Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, баробарӣ ва ҳамкории созанда амалӣ менамоянд.
Дар шароити муосир дипломатияи байнипарлумонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлатҳо маҳсуб меёбад. Он ба таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд байни мақомоти олии қонунгузори кишварҳо мусоидат намуда, имконият фароҳам меорад, ки масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ дар сатҳи намояндагони мардум муҳокима гарданд.
Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Беларус, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои дӯст пайваста рушд ёфта истодааст.
Дар мақомоти намояндагии кишварҳои мо гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ таъсис дода шуда, фаъолияти пурсамар доранд. Боварӣ дорам, ки сафари Шумо ба Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти имрӯзаи мо дар таҳкими муколамаи байниҳизбӣ, рушди ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт, гуфт дар анҷоми суҳбат Мавсума Муинӣ.
Баъд аз анҷоми мулоқот ҳайати меҳмонон аз толорҳои барҳавои ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, толори ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва толори ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон боздид ба амал оварда, таасуроти нек бардоштанд.