Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон – назария ва амалияи он» баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи мизи мудаввар раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Гулзода Маҳмадшоҳ зикр намуд, ки дипломатияи парламентӣ дар шароити муосир ба яке аз воситаҳои муҳимми таҳкими муколамаи байналмилалӣ, эътимоди сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ табдил ёфта, дар рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ нақши афзоянда мебозад. Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба Конститутсия, Консепсияи сиёсати хориҷӣ ва сиёсати сулҳҷӯёна ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар ин замина, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими асосҳои устувори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули мавқеи байналмилалии кишвар ва пешбурди ташаббусҳои глобалии сулҳҷӯёна махсус таъкид гардид. Зикр шуд, ки маҳз сиёсати дурбинона ва стратегияи пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи мусоиди рушди дипломатияи муосир, аз ҷумла дипломатияи парламентиро фароҳам овардааст.
Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои рушди робитаҳои байнипарламентӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, саҳми парламент дар таҳкими суботи минтақавӣ, дипломатияи экологӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим, пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва истифодаи дипломатияи парламентӣ ҳамчун воситаи «неруи нарм» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ва масъалаи ҳифзи пиряхҳо бояд дар сатҳи созмонҳои байналмилалии байнипарламентӣ муаррифӣ гарданд. Дар ҳамоиш иштирокчиён оид ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентӣ, густариши гурӯҳҳои дӯстӣ ва рушди дипломатияи рақамӣ ибрози ақида намуданд. Зикр гардид, ки рушди дипломатияи парламентӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми сиёсати хориҷии давлат метавонад дар таҳкими мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, густариши муколамаи созанда ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми назаррас гузорад.
Дар анҷоми мизи мудаввар тавсияҳои дахлдор қабул гардиданд.