Марзбонони ҳушёру далери кишвар!
Шуморо ба муносибати Рӯзи касбиатон, ки аз 28-уми майи соли 1994 ибтидо мегирад, самимона табрик мегӯям.
Таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон пур аз қаҳрамониҳо, мардонагиҳо ва руҳи бешикасти шумост, ки зимни дифоъ аз марзи давлатӣ борҳову борҳо зоҳир кардаед.
Насли имрӯзи марзбонони Ватан анъанаҳои пуршарафи падарони хешро сарбаландона идома бахшида, барои ҳифзи амният, тамомияти арзӣ, манфиатҳои давлату миллат ва истиқлолияти Тоҷикистон маҳорати баланди касбӣ ва камоли масъулият нишон медиҳанд.
Бешубҳа, пешгирӣ аз ҳама гуна таҳдиду хатар, кӯшиши рахна кардани сарҳади давлатӣ, ҳамлаҳои террористӣ, ҳамчунин ошкор сохтан ва нобуд кардани каналҳои қочоқи маводи муҳаддир ва монанди инҳо кори саҳлу осон нест.
Бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Қушунҳои сарҳадӣ ба як сохтори низоми муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми Ватан табдил ёфтааст.
Дар ин рӯзи пурифтихор, ба ҳамаи шумо дар муваффақона анҷом додани рисолати муҳимми ватандӯстиятон сиҳатии комил ва дастовардҳои беназири касбӣ таманно менамоям.