Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Дабири кулли Иттиҳоди Байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки Маҷлиси намояндагон ба фаъолияти Иттиҳоди Байнипарламентӣ ҳамчун яке аз минбарҳои муҳимтарини муколамаи байналмилалии парламентҳои ҷаҳон баҳои баланд медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва рушди устуворро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати байналмилалии худ меҳисобад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаанд, имрӯз барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоти он заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Мо қаноатмандем, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Байнипарламентӣ пайваста густариш ёфта, заминаи мусоиди муколамаи созандаи байнипарламентиро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ фароҳам намудааст.
Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентиро бо Иттиҳоди Байнипарламентӣ таъсис намуда, вусъат додани корҳоро дар ин самт зарур мешуморад.
Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст. Имрӯз таъсири тағйирёбии иқлим ба кишварҳои ҷаҳон, бахусус ба минтақаҳои кӯҳӣ, зиёд эҳсос мегардад. Обшавии пиряхҳо, камшавии захираҳои об, хушксолӣ, офатҳои табиӣ ва мушкилоти марбут ба амнияти озуқаворӣ ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, ки ҳамкориҳои байналмилалиро боз ҳам тақвият бахшанд.
Мо дар ин раванд нақши парламентҳоро дар таҳкими дипломатияи парламентии марбут ба об хеле муҳим мешуморем. Парламентҳо метавонанд тавассути такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, таҳкими назорати парламентӣ ва дастгирии сиёсати давлатӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор саҳми муассир гузоранд.
Маҷлиси намояндагон омода аст ҳамкориҳои худро бо Иттиҳод дар самтҳои гуногун, аз ҷумла масъалаҳои иқлим, рушди устувор, баробарии гендерӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти парламентӣ ва рақамикунонии фаъолияти қонунгузорӣ густариш диҳад,- дар фарҷом изҳор намуд Файзалӣ Идизода.
Баъд аз анҷоми мулоқот меҳмонон аз залу дафтарҳои кории вакилон дидан намуда, таасуроти нек бардоштанд.