Имӯз Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Барно Саидвализода дар чорабинии канории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар мавзуи: «Вакилзанони парлумони Осиёи Марказӣ: пешсафӣ дар пешбурди рӯзномаи об барои рушди устувор» баромад намуд.
Мавсуф, қайд намуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зиёда аз даҳ Қатънома оид ба масъалаҳои об қабул намудааст.
Боиси ифтихор аст, ки шаҳри Душанбе ба як минбари муҳимми байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои об табдил ёфтааст. Дар ин ҷо мунтазам конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегарданд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва пешбурди дипломатияи об мусоидат менамоянд.
Нақши занон дар идоракунии захираҳои об ва таъмини шароити зарурии санитарӣ-гигиенӣ имрӯз дар ҳамаи сатҳҳо бештар эътироф мегардад. Ба инобат гирифтани омилҳои гендерӣ яке аз унсурҳои муҳимтарини таъмини истифода ва ҳифзи захираҳои оби ҷаҳон, инчунин ҳифзи саломатии аҳолӣ ва шаъну шарафи инсон тавассути фароҳам овардани шароити муносиби санитарӣ-гигиенӣ мебошад.
Камбудии захираҳои об, ки сол аз сол бештар эҳсос мегардад, ҷомеаи ҷаҳонро водор месозад, ки барои таъмини дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ, амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, чораҳои фаврӣ андешад. Ин вазъиятро падидаҳои иқлимӣ, аз ҷумла хушксолӣ ва обхезиҳо, боз ҳам вазнинтар мегардонанд ва ба амнияти ҷаҳонии озуқаворӣ оқибатҳои фоҷиабор мерасонанд. Дар ин раванд бештар занон ва духтарон зарар мебинанд.
Бовар дорам, ки натиҷаҳои кори муштараки мо ба пешрафти назаррас дар самти расидан ба ҳадафҳои байналмилалии вобаста ба об ва дар маҷмуъ рушди устувор мусоидат хоҳанд кард, - изҳор намуд дар фарҷом Барно Саидвализода.