24.05.26 Имрӯз Котиби генералии Иттиҳоди байнипарлумонӣ (IPU) Мартин Чунгонг ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028», ба шаҳри Душанбе ташриф овард.
Меҳмони воломақомро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз ва масъулини тадорукоти ҳамоиш гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Нахуст, Мартин Чунгонг ҷиҳати дар саҳи баланд ташкил ва гузаронидани семинари минтақавӣ барои парлумонҳои кишварҳои Авруосиё таҳти унвони «Баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва рушди устувор тавассути амали парлумонӣ», ки рӯзҳои 22-23 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва мавсуф тариқи маҷозӣ баромад намуда буд, инчунин, саҳмгузорӣ дар пешбурди муколамаи байналмилалӣ оид ба иқлим ва рушди устувор изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Сипас, ҳайати меҳмонон аз Осорхона ва дигар мавзеъҳои таърихии кишварамон боздид ба амал оварда, бо таърих ва фарҳанги миллиамон аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.