Тавре қаблан иттилоъ додем Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо даъвати Раиси Шурои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил В. Матвиенко барои иштирок дар ҷаласаҳои Шурои АБП ИДМ, инчунин Комиссияҳои доимии АБП ИДМ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният ва оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом доданд.
Дар чаҳорчӯби ин сафар Файзалӣ Идизода бо намояндагони диаспора ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳри Санкт-Петербург кору таҳсил доранд, мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳуриамон тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ ва музаффариятҳои заҳматкашони кишвар зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин маълумот дода, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ватандӯст бошанд, обрӯйи миллату давлату ватанамонро боло бардоранд.