Имрӯз роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентии Тоҷикистон бо Озорбойҷон Азиззода Ғайрат бо раиси Кумитаи Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озорбойҷон оид ба захираҳои табиӣ, энергетика ва экология Гурбанов Садиг Хагберди оғлу ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд.
Қайд гардид, ки аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳоямон (соли 1992) муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Озорбойҷон бо маром рушду таҳким ёфта, аз сатҳи муқаррарӣ ба шарикии стратегӣ табдил ёфт. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи ҷаҳду талош, дӯстии самимӣ ва иродаи сиёсӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Ҳайдар оғлу Алиев мебошанд.
Боиси хушнудист, ки робитаҳои байни кишварҳоямон бар пояи беш аз 94 созишномаи байналмилалӣ дар сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ асос ёфтаанд, ки аз самаранокии кӯшишҳои дипломатии ҷонибҳо дарак медиҳанд.
Маҷлиси намояндагон минбаъд низ кӯшиш менамояд, ки ба шарикии кишварҳоямон тақвият бахшад ва дар рушди муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба саҳмгузор бошад. Табодули таҷрибаи вакилони ҳар ду кишвар ба нафъи тарафҳо буда, барои пешрафти фаъолияти қонунгузорӣ метавонад мусоидат намояд, - гуфт дар фарҷом Азиззода Ғайрат.