19 майи соли 2026 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои кишварҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм баргузор гардид, ки дар он узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Хайриддинзода Азизбек иштирок ва суханронӣ намуд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм давлати мо ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар ҷумҳурӣ заминаи кофии меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст. Танҳо дар панҷ соли охир Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи амният» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардиданд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм дар асоси абзорҳои байналмилалии дуҷониба, бисёрҷониба ва минтақавии ҳуқуқӣ ташаккул меёбад, ки ба таъмини сулҳ ва амнияти инсоният мусоидат менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонии худ арзёбӣ намуда, барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт кӯшиш менамояд.
Таъкид шуд, ки бо муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳои байналмилалӣ, заминаи қонунгузорӣ ва таҷриба, мо метавонем роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризмро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши аҳаммияти амнияти минтақавӣ пайдо намоем.