Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагон вохӯрӣ доир ба амалишавии ду санади муҳим дар самти сиёсати ҳуқуқӣ – раванди амалишавии Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 ва Барномаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 баргузор шуд.
Гиёзода Азиз зикр намуд, ки рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини устувору татбиқи воқеии он вобастагии амиқ дорад.
Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, бе таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст.
Чунин раванд бевосита бо назардошти устувории сиёсати ҳуқуқӣ, таъмину татбиқи самараноки он, ки дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад, ба вуҷуд омадааст.
Дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз 6-уми феврали соли 2018, сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, мафкуравӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ ва инкишофи минбаъдаи онҳо роҳандозӣ мешавад. Хусусиятҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои татбиқи ҳуқуқ ташкил медиҳанд, ки ин ҳамбастагии ин Консепсияро бо дигар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, амалияи танзим ва татбиқи ҳуқуқӣ баръало нишон медиҳад.
Дар чорабинӣ директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло ва муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарализода Зафар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирин ба саволу дархостҳои худ посухҳои саҳеҳ гирифтанд.