07.05.26 Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон Ирфон Аҳмад мулоқот намуд. Файзалӣ Идизода қайд намуд, ки мо аз робитаҳои дипломатии устувори байни кишварҳоямон, ки ҳанӯз соли 1992 барқарор шудаанд, ҳамаҷониба истиқбол менамоем.
Робитаҳои Тоҷикистон ва Покистон давоми 34 соли охир бо ташаббуси созандаи роҳбарияти олии кишварҳоямон аз дараҷаи муқаррарии ҳамкорӣ то ба дараҷаи стратегӣ расиданд, ки дастоварди муҳим аст.
Робитаҳои Тоҷикистон ва Покистон аз пайвандҳои маънавию таърихии ду мардуми дӯст, инчунин аз муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шаҳбоз Шариф - Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон маншаъ мегирад.
Дар натиҷаи муносибатҳои муваффақонаи ду ҷониб 96 санади ҳамкорӣ ба имзо расида, ҳаҷми гардиши солонаи мол низ байни кишварҳои мо афзуда, танҳо дар моҳи сентябри соли 2025 ба 53 миллион доллари амрикоӣ расидааст.
Маҷлиси намояндагон ба густариши устувори ҳамкориҳо бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон манфиатдор мебошад.
Таъкид менамоем, ки барои мо муколама, мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ муҳим арзёбӣ гардида, ҷиҳати ба пешравиҳо ноил гардидан талошҳои муштаракро идома хоҳем дод, - изҳор намуд Файзалӣ Идизода.
Ҳолати имрӯзаи муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Покистон нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо вуҷуди рушд дар марҳилаи доимии ҷустуҷӯи манфиатҳои муштарак қарор доранд. Барои пешбурди судманд ва мушаххас гардонидани муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва бахшҳои мухталифи иҷтимоиёт имкониятҳои фаровони то ҳол истифоданашуда зиёданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид шуд, ки мулоқоти имрӯза низ барои густариши робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ҷиҳати ба пешравиҳо ноил гардидан дар ҳамаи соҳаҳо заминаҳои мусоид фароҳам хоҳад гузошт.