4 май мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш бо вазир - ваколатдор оид ба баробарии занону мардон ва мубориза бар зидди табъиз дар Ҷумҳурии Фаронса Аврора Берже доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, тавонмандсозии занон ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд.
Дар рафти мулоқот Мавсума Муинӣ доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, кафолатҳои баробарҳуқуқии занону мардон ва қонунҳои соҳавии қабулшуда сухан кард.
Ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва платформаҳои дахлдори бисёрҷониба табодули афкор намуданд.
Мулоқоти мазкур дар ҳошияи сафари кории ҳайати парламентии Тоҷикистон ҷиҳати табодули таҷриба, ки рӯзҳои 4-8 май бо Парламент ва аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса доир гардида истодааст, барпо шуд.