Имрӯз муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Гиёзода Азиз Президенти Сенати штати Ютаи Америка ҷаноби Стюарт Адамсро ба ҳузур пазируфт.
Гуфта шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка 14 феврали соли 1992 барқарор гардида, пайваста рушд меёбанд. То имрӯз 35 санади ҳамкорӣ байни кишварҳои мо дар соҳаҳои гуногун ба имзо расидаанд, ки метавонанд барои рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат намоянд.
Ҳамкориҳои мутақобилан судманди байнипарламентии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар чорчӯби қолаби С5+1, инчунин Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ бо Палатаи намояндагони Штатҳои Муттаҳидаи Америка муҳим арзёбӣ гардид.
Робитаҳои Тоҷикистон бо Америка яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷӣ ба шумор рафта, ҳамкориҳои мо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, энергетика, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, башардӯстона ва дигар мавзуоти мавриди назар пеш бурда мешаванд.
Мо аз таваҷҷуҳи Конгресс ва роҳбарияти олии Америка ба робитаҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон, аз ҷумла Маҷлиси намояндагон, ки тайи солҳои охир афзудааст изҳори қаноатмандӣ менамоем.
Мо бар он назарем, ки мақоми олии қонунгузор тавассути қабули қонунҳо, тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ метавонад дар таҳкими ҳамкориҳо ва ташаккули асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба саҳмгузор бошад, -изҳор намуд Азиз Гиёзода.