28 апрел дар шаҳри Душанбе даҳумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет (CAIGF-2026) баргузор гардид. Форуми навбатӣ, ки таҳти унвони "Роҳи абрешими рақамӣ: аз ҷудоӣ то пайвастшавӣ ва ҳамгироии рақамӣ" баргузор гашт, як платформаи калидии солонаи бисёрҷониба дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки барои муҳокима ва таҳияи роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳимми рақамӣ равона шудааст. Он роҳбарони Мақомотҳои маҳаллӣ, минтақавӣ, намояндагони парламентҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои пешбари технологӣ, бахши хусусӣ, инчунин ҷомеаи академӣ ва коршиносонро муттаҳид мекунад.
Форуми мазкур аз ҷониби ҶДММ «Корпоратсияи Миллии Ҳуқуқӣ» дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ гузаронида шуд.
Дар доираи Форум ҷаласаи алоҳидаи парлумонӣ дар мавзуи "Самтҳои стратегӣ барои рушди рақамӣ дар Осиёи Марказӣ: Мушкилот ва роҳҳои ҳалли қонунгузорӣ" баргузор гардид, ки мақсади он эҷоди платформа барои муколамаи ошкоро байни вакилони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мубодилаи таҷриба ва таҳияи равишҳои муштарак дар таҳияи чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ, ки рушди рақамии устувор ва бехатарро дар минтақа мусоидат мекунад. Ҳадафи ин чорабинӣ ҳамоҳангсозии сиёсати миллии рақамӣ ва мутобиқ кардани қонунгузорӣ ба тамоюлҳои технологии ҷаҳонӣ мебошад.
Тибқи барномаи ҷаласаи парлумонии Форум, вакилони парламентҳои кишварҳои Осиёи Миёна, Арманистон ва вакилони масъули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд. Иштирокчиён дар мавзуҳои иқтисоди рақамӣ, рақамикунонии фаъолияти Парлумонӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар раванди таҳияи Кодекси рақамӣ суҳбат намуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон Шоҳмурод Рустам ва Зафар Ализода вобаста ба фаъолияти парлумони кишвар дар самти рақамикунонӣ ва истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ баромад намуда, намояндагони палумони дигар кишварҳои Осиёи Миёна ва Арманистонро ба ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба даъват намуданд.