Имрӯз дар доираи Форуми Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии интернет (CAIGF-2026), дар мавзуи "Самтҳои стратегӣ барои рушди рақамӣ дар Осиёи Марказӣ: Мушкилот ва роҳҳои ҳалли қонунгузорӣ", вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Шоҳмурод Рустам бо ҳайати вакилони Парлумонҳои кишварҳои Осиёи миёна ва Арманистон - иштирокчиёни ҷаласаи парлумонии Форуми мазкур баргузор гардид.
Дар доираи вохурӣ масъалаҳои ҳамкориҳои судманд ва таҷрибаомузӣ дар раванди таҳия ва қабули қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ дар самти рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ баррасӣ гардиданд.
Иштирокчиён дар мавзуҳои иқтисоди рақамӣ, рақамикунонии фаъолияти Парлумонӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар раванди таҳияи Кодекси рақамӣ суҳбат намуданд.