Даъвати Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро пазируфта, дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, Камолзода Илҳом - Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳимми такмили қонунгузорӣ, таҳкими асосҳои институтсионалӣ ва рушди самараноки мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, оид ба густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, табодули таҷриба ва таҳияи санадҳои намунавии ҳуқуқӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадам метавонад ба баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва рушди устувори кишварҳои узв мусоидат намояд.