Имрӯз дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҳамоиш зери унвони «Тадбирҳо барои амалӣ гардондани ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қатъномаи Умумии СММ дар бораи эълон намудани соли 2027 «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» баргузор шуд.
Шермуҳаммад Шоҳиён зикр намуд, ки боиси ифтихори бузург ва сарбаландии миллӣ аст, ки бо ташаббуси оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло 16 Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, номи Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар, ташаббускор, ҳомии манфиатҳои умумибашарӣ ва муҳофизи ҳуқуқи инсон дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошт. Дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ самти муҳим аст, ки тавассути тарбияи ҳуқуқӣ, илми ҳуқуқӣ ва омӯзиши кадрҳо амалӣ мешавад.
Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ – 2027 дар расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, хусусан Ҳадафи 4 (Таълими сифатнок) ва Ҳадафи 16 (Адолат ва институтҳои қавӣ) нақши калидӣ дорад, зеро он ба пешгирии поймолкуниҳо ва таҳкими ҳуқуқҳои инсон мусоидат мекунад.
Дар ин чорабинӣ муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарализода Зафар ва ходими пешбари илмии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Муҳабат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирин ба саволу дархостҳои худ посухҳои саҳеҳ гирифтанд.