Имрӯз ҷаласаи маҷозии Муколамаи занон – роҳбарони Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Занони Осиёи Марказӣ: вазифаҳои афзалиятнок ва амалҳои муштарак» баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҷавҳарӣ Муҷибахон ва муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Дӯстмуродзода Сурайё иштирок ва суханронӣ намуданд. Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки дар давоми беш аз 5 соли фаъолияти худ, Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ тавонист худро ҳамчун майдони бонуфузи минтақавӣ барои муҳокимаи масъалаҳои нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимою иқтисодӣ ва фарҳангӣ муаррифӣ намояд ва ҳамчун платформаи устувор ва пурмазмуни минтақавӣ дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва равишҳои мувофиқашуда ба масъалаҳои асосии рӯзномаи минтақавӣ мусоидат
Муфассал ниг: