9-10 апрел дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимӣ оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам иштирок намуд.
Дар ин ҷаласа, инчунин, вакилон аз парлумони ҳамаи давлатҳои аъзо – Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ӯзбекистон, намояндагони котиботи АБП ИДМ ва сохторҳои дигари он, пажӯҳишгоҳҳо ва коршиносони байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа лоиҳаи таҳрири ниҳоиии Кодекси моделии замин, ки дар таҳия ва муҳокимаҳои лоиҳаи он ҷониби Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Лоиҳаи Кодекси моделии мазкур аз тарафи Комиссия маъқул дониста шуд ва барои пешниҳод ба ҷаласаи навбатии Ассамблеяи Байнипарлумонии Давлатҳои аъзои ИДМ тавсия гардид.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи Комиссия масъалаи муайян кардани механизми мувофиқашуда ва ҳамоҳангсозии амалҳои давлатҳои аъзои ИДМ ҳангоми бартараф кардани таҳдидҳои радиатсионию экологии марбут ба объектҳои мероси ядроии собиқ Шуравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муҳимияти масъалаи мазкур аз ҷумла барои кишвари мо махсус қайд гардида, иброз гашт, ки дар Тоҷикистон низ якчанд партовгоҳҳои радиатсионӣ мавҷуданд. Аз тарафи Тоҷикистон нисбати бартараф кардани хатари радиатсионию экологии партовҳои мазкур чораҳои мушаххас дида мешаванд. Ҳамкории тарафҳо, хусусан бо Росатом ва МАГАТЕ муҳим арзёбӣ гардид.