18 март Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташхиси тиббии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид шудан ба ҳудуди Федератсияи Россия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро тасдиқ кард.
Созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд барои фаъолият ба Федератсияи Россия сафар кунанд, ташхиси тиббии лозимаро дар кишвари худамон осон ва бо арзиши хеле каму дастрас гузаранд.
Созишномаи мазкурро Думаи давлатии Федератсияи Россия низ тасдиқ кардааст ва он аз 18 марти соли равон дар Россия қувваи ҳуқуқӣ пайдо намуд.
Муфассал ниг:
https://www.facebook.com/share/p/1BPUeiZR9H/