Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишнома дар бораи Маркази универсалӣ оид ба муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Фарҳод, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Имомзода Нилуфар, муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Маҷидзода Сарвиноз, узви Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Хайриддинзода Азизбек, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Шаҳбози Аброр, узви Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Давлатзод Ҳаким, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҷалолзода Миршакар шарҳу тавзеҳ намуданд.