9 апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсия Россия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҷавҳарӣ Муҷибахон иштирок намуд.
Дар ҷаласа лоиҳаи Тавсияҳо таҳти унвони «Дар бораи равишҳои консептуалии ҳамоҳангшуда барои ташкили стандартҳои меҳнат дар давлатҳои узви ИДМ бо назардошти ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ» тасдиқ гардид.
Равишҳои консептуалии мазкур асоси тавсияҳое мебошанд, ки дар ҷаласаи Комиссия қабул шуданд. Ҳадафи онҳо муайян намудани самтҳо, шаклҳо ва усулҳои асосии татбиқи марҳилавии стандартҳои меҳнат дар ҳамаи сатҳҳои идоракунӣ бо дарназардошти хусусиятҳои иқтисодиёти миллии кишварҳои узви Иттиҳод мебошад. Ҳамзамон, истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонӣ барои такмили низоми идоракунии меъёрҳои меҳнат, таъмини ташкилотҳо бо захираҳои муосир ва омода намудани мутахассисони соҳавӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки ҳамкорӣ дар соҳаи стандартҳои меҳнат яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иҷтимоӣ ва меҳнатӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳсуб меёбад.
Дар ҷаласаи навбатии Шуро баррасӣ ва тасдиқи Нақшаи амалҳои калидӣ барои солҳои 2026–2030 пешбинӣ шудааст.