2-5 апрели соли 2026 бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва мушовирону мутахассисони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон машварати иттилоотӣ-омузишӣ дар мавзуи “Нақши зеҳни сунъӣ дар фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузариш ба истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти Парламенти кишвар, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ва зимни суханронӣ дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум аз 19 марти соли 2025 баён гардиданд, баргузор гардид.
Машварати иттилоотӣ-омузишӣ тибқи вазифаҳои “Консепсияи гузариш ба технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «25» июни соли 2025, №150 қабул гардидааст, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барномаи «Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат» ва коршиносони миллӣ ба роҳ монда шуд.
Дар рафти чорабиниҳо иштирокчиён масъалаҳои калидии рӯзномаи машварат, аз ҷумла таҷрибаи муосири Парламентҳои кишварҳои пешрафтаи дунёро дар самти истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани самаранокии раванди қонунгузорӣ, автоматикунонии вазифаҳои муқаррарӣ, таҳлили ҳаҷми зиёди маълумот ва таъмини бехатарӣ дар ин равандҳоро баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба таъмини самаранокӣ ва шаффофияти фаъолияти парламент бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт равона карда шуд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Зафар Ализода ба иштирокчиён иттило дод, ки тибқи вазифаҳои “Консепсияи гузариш ба технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва тавсияҳои Иттифоқи байнипарламентӣ вобаста ба гузариш ба технологияҳои рақамӣ дар Парламентҳо, қадами навбатӣ барои амалӣ гаштани Консепсияи мазкур ин таъсиси сохторҳои ваколатдор, гузаронидани таҳлилу омӯзиш ва таҳияи Стратегияи якҷояи гузариш ба технологияҳои рақамӣ дар мақоми олии қонунгузорӣ мебошад.
Дар анҷоми чорабинӣ дархосту пешниҳоди иштирочиён вобаста ба таҳияи барномаҳои минбаъдаи ҳамкориҳои судманд бо мақсади таҳия ва амалӣ намудани Стратегияи болозикр баррасӣ гардид.