25 марти соли равон даъвати Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро пазируфта, дар ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва истифодаи табиати назди Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, Амирзода Ориф - раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа Амирзода Ориф дар мавзуи ,, Масьалаҳои асосии сарчашмаҳои захираҳои об ва таьмини оби нушокӣ дар Тоҷикистон,, маьруза намуд.
Ҳамзамон, вобаста ба масьалаҳои обу иқлим ва ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон оид ба обу иқлим бо хабарнигори телевизиони ,,МИР,, мусоҳиба анчом дода шуд.