Имрӯз раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, Роҳбари Гурӯҳи дӯсти ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Шоҳмурод Рустам бо Сафири Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Умут Аҷар мулоқот намуд.
Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Туркия 29 январи соли 1992 бо Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои дипломатиро барқарор намуда, яке аз аввалин кишварҳои мебошад, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт.
Шоҳмурод Рустам зикр намуд, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркия давоми 34 сол бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти Олии кишварҳоямон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган бомаром рушд меёбанд.
Тайи ин муддат миёни Тоҷикистон ва Туркия заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд, ки беш аз 80 санади муҳимро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг дар бар мегирад.
Яке аз самтҳои калидӣ ва меҳварии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Туркия робитаҳои байнипарламентӣ маҳсуб меёбанд. Гурӯҳи дӯстии байнипарламентӣ фаъол буда аз соли 2000 амал менамояд. Мавриди зикр аст, ки мавқеи Тоҷикистон ва Туркия нисбат ба масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ наздик буда, дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ монанди СММ, Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Созмони ҳамкории Исломӣ бо дарназардошти манфиати мутақобилаи судманди тарафҳо, ҷонибдории ташаббусҳои ҳамдигар амалӣ мегардад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳони дар сатҳу сифати нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва густариши устувори муносибатҳо бо Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия мебошад.