Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар иҷлосия Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» ва Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Рушди сайёҳии ҳушманд ва таҳсилот дар соҳаи соҳибкорӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф ва аъзои Кумита оид ба иқтисод ва молия Исҳоқӣ Ҳусния ва Шарифзода Нигина шарҳу тавзеҳ намуданд.