Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода зимни суханронӣ зикр намуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонии мардуми тоҷик, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, ҳамеша нигоҳдорандаи забон, расму ойин ва фарҳангу таърих буда, имрӯз ба яке аз рамзҳои муҳимми фарҳангӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон табдил ёфтааст.
Наврӯзи байналмилалиро, ки барои мардуми мо ҷашни ниҳоят муборак буда, бо покию озодагӣ тавъам аст, ба ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд сидқан табрик намуда, бароятон бахту саодат, рӯзгори пурфайзу осуда ва сарсабзиву сарбаландиҳо таманно дорам.
Дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ дар он бо суръати баланд идома доранд, масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ барои ҳар давлат аҳаммияти хос пайдо менамояд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳимми Наврӯз, ки нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшидааст, арзишҳои умумибашарии он мебошад. Наврӯз дар моҳияти худ ҷашни сулҳ, дӯстӣ, ҳамзистии мусолиматомез, эҳтироми табиат ва инсон аст.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз 20 марти соли 2024 зикр намуданд: «Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тули ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст».
Эътирофи байналмилалии ин ҷашн ва саҳми Тоҷикистон дар густариши он, на танҳо боиси баланд шудани обрӯи мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст, балки василаи муҳимми дипломатияи фарҳангии Тоҷикистон низ мебошад.
Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли гузашта иброз доштанд, ки «тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангию тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем».
Вобаста ба ин, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати таъсис додани Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе дастурҳои мушаххас доданд.
Бояд зикр намуд, ки таъсиси чунин марказҳои миллӣ барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ иқдоми саривақтӣ буда, куҳанбунёд ва соҳибтамаддун будани мардуми моро тақвият мебахшанд.
Дар баробари ин, ин марказҳо дар таҳкими ҳувияти миллӣ, бахусус дар байни насли ҷавон нақши муҳим мебозанд, зеро онҳо имкон медиҳанд, ки ҷавонон бо таърих ва анъанаҳои пурарзиши ниёгон бештар шинос шаванд.
Инчунин, имконият фароҳам меояд, ки Наврӯз на танҳо ҳамчун ҷашни тақвимӣ, балки ҳамчун бренди фарҳангӣ ва сайёҳии миллӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шавад.
Дар сиёсати дохилии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун омили муҳимми таҳкими ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ хизмат менамояд.
Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҷашни фархундаи Наврӯз ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва руҳияи ҳамзистию осоиш бахшида, мардумро ба дӯстию самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят менамояд.
Аз ин рӯ, ин иди мубораки бостониро чун ойини ниёгон бояд ба таври сазовор ҷашн гирем. Зеро бо таҷлили он дар шуури насли наврас ҳисси ватанпарастӣ, меҳри заҳмати ҳалол ва эҳсоси ҳамдигарфаҳмию созандагӣ ҷой мегирад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Муинӣ Мавсума, раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Мусоҷонзода Ҷамила ва узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Ҳақназарзода Фирӯз низ ба сухан баромада доир ба таърих, моҳият, аҳаммият ва дигар фазилату махсусиятҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар назди ҳозирин баромад намуданд.
Дар фарҷом Файзалӣ Идизода изҳор намуд, ки Наврӯз дар давоми таърихи чандинҳазорсолаи хеш бурду бохтҳои зиёдеро аз сар гузаронида, ҳамчун рамзи безаволи тамаддуни ориёӣ бо мазмуну муҳтавои зиндагисози худ то имрӯз ҳамчун рамзи покию озодагӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш бори дигар шумо – ҳозири арҷманд ва тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни бостонии Наврӯз ва фарорасии Иди мубораки Рамазон самимона шодбош гуфта, ба ҳар яки шумо хуррамиву сарсабзии наврӯзӣ, баҳори неку файзбор ва муваффақиятҳои бештарро орзумандам.