Шоҳмурод Рустам - Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо даъвати Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 12 то 13 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа 10 масъала баррасӣ гардид. Аз ҷумла, лоиҳаи нави Низомнома оид ба комиссияҳои доимии АБП ИДМ ва лоиҳаи Низомнома дар бораи фаъоляти қонунэҷодкунии АБП ИДМ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки оид ба ҳар ду лоиҳа хулосаҳои мувофиқашудаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон пешниҳод гардиданд, ки дар маҷмуъ қобили қабул шуморида шуданд.
Дар ҷаласа, инчунин масъалаи истифодаи лоиҳаҳои қонун ва дигар санадҳои намунавии АБМ ИДМ дар фаъолияти қонунэҷодкунии парлумонҳои давлатҳои иштирокдори ИДМ мавриди муҳокима қарор гирифт.