Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи 8 март - рӯзи Модар баргузор гардид. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода зимни суханронӣ зикр намуд, ки; барои ман боиси фараҳмандӣ ва сарфарозист, ки имрӯз дар арафаи иди аз ҳама дӯстдоштаю зебои баҳори нозанин 8 март - рӯзи модар ба дидори мубораки Шумо расида, ба ифтихори ин ҷашни руҳафзо ҳамаи Шумо ва дар шахси Шумо тамоми модарону хоҳарони азизу меҳрубонро самимона табрик мегӯям.
Иди модарон миёни дигар идҳои милливу сунативу байналмиллалӣ мақоми хоса ва эҳтироми шоиста дорад. Зеро ин ҷашни дӯстдошта ва писандидаи мо ба оғози баҳори нозанин, фасли эҳё, зебоӣ ва шукуфоии табиат, оғози умеду орзуҳои нек хиромону гулафшон меояд. Баҳору модар ҳарду ҷонбахшу эҳёгару ҳаётбахшанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин давлатҳоест, ки бо соҳибистиқлол шудан ғамхориҳоро дар ҳаққи зан –модар бештар намуда, онро ба пояи сиёсати давлатӣ ва рукни муҳимми сиёсати давлатдорӣ дохил намуд.
Сарвари давлат-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкиму тақвияти нақши занон дар ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, аз ҷумла қайд кардаанд: «Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозишҳои ӯ бакамол расида, сабақи одамият омӯхтааем. Маҳз бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷамъияти устувор, бо адолат ва ҳаматарафа тараққикардаро орзу намоем».
Мо аз он ифтихор менамоем, ки дар тули таърихи беш аз садҳазорсолаи миллатамон занону модарони оқилу баору номусу соҳибхиради тоҷик дар паҳлуи мардон баҳри ҳифзи марзу буму забону озодиву, истиқлолу осоиштагии ватан, шуҷоатмандона мубориза бурдаанд.
Дар ин рӯзгори пурсаодати мо занону модарони тоҷик ҳамқадами замон қадам ниҳода, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, хоса дар руҳияи баланди меҳанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ бо камоли масъулият адо намуда, сазовори эҳтироми ҷомеа гаштаанд.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Шермуҳаммад Шоҳиён, Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Гайрат Азиззода- узви Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва Комилҷон Шамшерзода -узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот низ ба сухан баромада, бахшида ба рӯзи Модар занону бонувонро табрик намуданд.