Имрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар толори ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ҳамоиш дар мавзуҳои «Таъмин ва таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун дар ҷомеа» ва «Дар бораи вазъи ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар байни ноболиғон ва ҷавонон» баргузор шуд.
Зимни суханронӣ Шермуҳаммад Шоҳиён зикр намуд, ки дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2026 дар бораи гузаронидани чорабиниҳо дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, имрӯз тасмим гирифтем, ки бо иштироки роҳбарияти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ниҳоят муҳимму сарнавиштсоз — таъмини қонуният, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа, инчунин вазъи ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар байни ноболиғон ва ҷавононро мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Таъмини қонуният таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун яке аз рукнҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Бе эҳтиром ва риояи ҳатмии қонун наметавон суботи устувор, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеаро таъмин намуд. Волоияти қонун кафолати адолат, баробарии шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Тавре ки маълум аст, таҳкими қонуният на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти муштараки тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа мебошад.
Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ вобаста ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба низоми қонунгузории кишвар пайвастагии зич доранд.
Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии муносиб мунтазам санадҳои қонунгузории кишварро такмил медиҳанд.
Тибқи талаботи моддаи 93 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.
Бо ин асос, назорати иҷрои тамоми қонунҳо аз ҷумла вобаста ба таъмин ва таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун дар ҷомеа ба зиммаи Прокурори генералӣ вогузор шудааст.
Танҳо дар сурати фаъолияти ҳамоҳангшудаи ҳамаи сохторҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мо метавонем фазои устувори ҳуқуқиро таъмин намоем.
Муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Умед дар мавзуи «Таъмин ва таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун дар ҷомеа» ва муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон дар мавзуи «Дар бораи вазъи ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар байни ноболиғон ва ҷавонон» дар назди ҳозирин маъруза намуда, ба саволу дархостҳои ҳозирин ҷавобҳои саҳеҳу қонеъкунанда доданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Шермуҳаммад Шоҳиён зикр намуд, ки маҳз риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва таҳкими назорати прокурорӣ, заминаи устувори ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа мебошанд. Бе таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва бе пешгирии ҷинояткорӣ, махсусан дар байни ҷавонон, наметавон ҷомеаи солим ва ояндаи дурахшонро бунёд намуд.
Ҷавонон неруи пешбарандаи давлатанд ва тарбияи онҳо дар руҳияи эҳтиром ба қонун, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа мебошад.