Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим: мутобиқат ба стандарти ҷаҳонӣ ва дурнамо» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.
Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидвализода Барно зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар аз он иборат аст, ки масъалаи ҷорӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф дар мамлакат яъне, гузариш ба таҳсилоти 12 сола ҳамчун тақозои замон арзёбӣ шуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва рақобатпазирии байналмилалии хатмкунандагон зарур дониста мешавад.
Таълими замонавӣ бояд ба рушди тафаккури зеҳнию техникӣ, қобилияти кор дар гурӯҳ, малакаю муошират, саводи рақамӣ ва ташаббускории насли наврас мусоидат намояд. Бинобар ин, дар баробари таҷдиди назар гардидани стандарту барномаҳо ва адабиёти таълим, фароҳам овардани шароити мусоид оид ба гузариши низоми 12 солаи таълим бояд равишҳои муосири таълим ва методикаи омӯзгорӣ низ такмил дода шаванд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума зимни баромади хеш зикр намуд, ки гузариш ба низоми 12 солаи таълим тақозои замон буда, аз масъулини соҳа масъулияти бештарро талаб менамояд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Наҷмиддиниён Асадулло, Саидзода Муҳаммадтоир – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Каримзода Равшан – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин бо гузоришу маърузаҳо баромад намуданд.