Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Гулзода Маҳмадшоҳ рӯзҳои 19–20 феврали соли ҷорӣ дар кори ҷаласаҳои муштараки 25-уми зимистонаи Ассамблеяи Парлумонии САҲА, ки дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия баргузор гардиданд, иштирок намуд.
Дар чорабинии мазкур доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳкими амният, рушди демократия, ҳифзи ҳуқуқи инсон, инчунин масъалаҳои иқтисодӣ ва экологӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъалаҳои таҳкими сулҳи минтақавӣ дар асоси консепсияи амнияти ҳамаҷониба, ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак ҷиҳати муқовимат ба чолишҳои марбут ба амнияти иқтисодӣ ва экологӣ, инчунин таъмини шаффофият ва якпорчагии равандҳои интихоботӣ дар шароити таҳдидҳои гибридӣ баррасӣ шуданд.
Қайд гардид, ки баргузории ҷаласаҳои зимистонаи Ассамблея ба густариши муколамаи созанда миёни сохторҳои қонунгузор ва иҷроияи давлатҳои иштирокчӣ мусоидат намуда, ҳамзамон ҳамчун марҳилаи муҳимми омодагӣ ба ҷаласаи солонаи 33-юми Ассамблея, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Гаага баргузор мегардад, арзёбӣ мешавад.
Зимни иштирок дар ҷаласаи Кумитаи умумӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва амният, Гулзода Маҳмадшоҳ таъкид намуд, ки сулҳ ва субот омили калидии рушди ҳамкории байнидавлатӣ ва заминаи таҳкими эътимоди мутақобила байни халқҳо маҳсуб ёфта, барои пешгирии низоъҳо ва мусоидат ба ҳамдигарфаҳмӣ аҳаммияти хос доранд. Дар ин замина, ӯ аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешниҳоди қатъномаи махсус оид ба эълони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда», ки аз минбари Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод гардид, ёдовар шуда, ҷонибҳоро ба дастгирии он даъват намуд.
Ҳамчунин, зимни ҷаласаи Кумитаи умумӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, илм, технология ва муҳити зист, таваҷҷуҳи иштирокчиён ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои обу иқлим, истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва рушди энергияи барқароршаванда ҷалб гардида, давлатҳои иштирокчӣ ва шарикони рушд ба иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар доираи Раванди оби Душанбе, ки аз 25 то 28 майи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват карда шуданд.
Дар ҷаласаи Кумитаи умумӣ оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва масъалаҳои башардӯстона, масъалаҳои татбиқи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ченаки инсонии САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифта, мавқеи кишвар оид ба таҳкими ҳамкории созанда дар ин самт иброз гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ мулоқоти ҳайатҳои парлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Намояндаи махсуси Ассамблеяи Парлумонии САҲА оид ба Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ, пешбурди ташаббусҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ба масъалаҳои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА дар доираи се ченаки ҳамкорӣ — низомию сиёсӣ, иқтисодию муҳити зист ва инсонӣ — таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, оид ба вазъи минтақа, аз ҷумла Афғонистон, мубориза бар зидди терроризм ва тавсеаи ҳамкорӣ дар масъалаҳои обу иқлим табодули афкор анҷом доданд.