Дар шаҳри Душанбе татбиқи лоиҳаи «Сохтмони зеристгоҳи 110/10 кВ ва хатти кабелии 110 кВ барои ЗС “Парламент”» ба анҷом расид. Лоиҳа таъминоти боэътимоди барқии бинои нави Парламенти Тоҷикистон ва Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, инфрасохтори энергетикии қисми марказии шаҳрро тақвият бахшид.
Дар доираи лоиҳа зеристгоҳи муосири «Парламент» бунёд гардида, хатҳои кабелии шиддати баланд гузаронида шуданд ва пайвастшавӣ ба зеристгоҳҳои амалкунандаи шабакаи шаҳрӣ иҷро гардид. Корҳо марҳила ба марҳила роҳандозӣ шуданд: дар марҳилаи аввал ба иншоотҳои давлатии нав интиқоли неруи барқ таъмин гардид, баъдан низоми таъминот тавассути васеъ намудани пайвастшавӣ ва баланд бардоштани устувории барқтаъминкунӣ боз ҳам мустаҳкам карда шуд.
Ба истифода додани ин иншоот қадами муҳим дар рушди низоми энергетикии пойтахт маҳсуб меёбад. Заминаи устувор барои таъминоти мунтазаму бефосилаи неруи барқ ба муассисаҳои муҳимми давлатӣ фароҳам оварда шуда, ҳамзамон барои рушди минбаъдаи боэътимоди инфрасохтори шаҳрӣ шароити мусоид гузошта шуд.