Бо мақсади рушди ҳамкории парламентӣ ва тақвияти робитаҳои байналмилалӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, Наима Солизода, Саид Ғоибназарзода, Фарзона Хоҷазода ва Сиёвуш Наботзода ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар карданд, то дар Барномаи табодули Дафтари Конгресси ИМА оид ба роҳбарии байналмилалӣ иштирок намоянд.
Барнома ба омӯзиши таҷрибаи роҳбарӣ ва идоракунӣ, инчунин шиносоӣ бо фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар ИМА равона гардида, то 12 феврали соли 2026 идома хоҳад ёфт. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Конгресси ИМА бо ҳадафи тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкории амалӣ байни кишварҳои шарик амалӣ мегардад.
Дар доираи Барнома вакилони парламент имконият пайдо мекунанд, ки бо қонунгузорони ИМА мулоқот намуда, бо сохтор, ваколат ва таҷрибаи амалии раванди қонунгузорӣ, аз ҷумла тартиби таҳия ва қабули қонунҳо дар сатҳи Иёлот шинос шаванд ва робитаҳои касбиро бо ҳамтоёни худ тақвият бахшанд.